Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди коршиносони СММ аз шеваи амали Исроил


Гурӯҳи коршиносоне, ки СММ таъйин карда буд, мегӯянд, нирӯҳои Исроил дар ҷараёни амалиёт алайҳи корвони киштиҳои ҳомили ёриҳо ба навори Ғаза дар моҳи май ва дар пайи ин амалиёт қонунҳои байналмилалӣ, аз ҷумла қонунҳои башариву ҳуқуқи инсонро поймол кардааст. Гурӯҳи сенафарии коршиносони Шӯрои ҳуқуқи башари СММ муҳосираи баҳрии сарзамини фаластинӣ аз сӯи Исроилро низ ба далели вуҷуди бӯҳрони башарӣ дар он рӯзҳо ғайриқонунӣ номид. Амалиёти Исроил алайҳи ин корвони киштиҳо мунҷар ба ҳалокати 8 шаҳрванди Туркия ва амрикоии турктабор шуд. Сегонаи СММ ин амалиётро “ғайримутаносиб” ва “ба андозаи ғайри қобили қабул ваҳшатнок” унвон кардааст. Исроил мегӯяд, сарбозонаш дар ҷараёни он амалиёт аз худ дифоъ мекарданд.
XS
SM
MD
LG