Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия аз фурӯши мушакҳояш ба Эрон даст кашид


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев бо судури як қарор фурӯши шабакоти дифоъи мушакии S-300 ба Эронро манъ кард. Қаблан генерал Николай Макаров, фармондеҳи ситоди кулли артиши Русия гуфт, Русия ба далели мухолиф будани ин қарордод бо таҳримоти байналмилалии зидди Эрон аз фурӯши ин таслиҳот ба Теҳрон даст кашидааст.
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров пештар гуфта буд, ки фурӯши мушакҳои S-300 бо таҳримоти дар моҳи июн алайҳи Эрон эъмолкардаи СММ дар таноқуз нест. Русия ин қарордодро бо Эрон ҳанӯз соли 2007 имзо карда буд, вале таҳти фишори Амрикову Исроил, ки аз тақвияти ҷиддии иқтидори дифоъии Эрон дар сурати касби мушакҳои русӣ метарсиданд, то ҳол дар ироаи ин шабакоти дифоъӣ ба Ҷумҳурии исломӣ маътал мекард.
XS
SM
MD
LG