Пайвандҳои дастрасӣ

Тавлиди тилову нуқра 50 дарсад бештар шудааст


Бино ба маълумоти хабаргузории “Азия Плюс”, тайи 8 моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 1 тонна тило ва қариб 1,5 тонна нуқра истихроҷ шудааст, ки назар ба як соли пеш тақрибан 50 дарсад бештар аст.
Истихроҷи тило дар корхонаи заршӯии “Зарафшон”, ки 60 дарсади тавлидоти ин фулузи гаронбаҳоро таъмин мекунад, имсол беш аз ду маротиба афзудааст. Мақомоти Душанбе боло рафтани нархи тилову нуқра дар бозори ҷаҳониро як далели аслии афзоиши тавлидоти он ном мебаранд. Уфтухези нархи нафт ва заиф боқӣ мондани қурби доллар бозори фулузоти гаронбаҳоро ба як паноҳгоҳ барои сармоядорон табдил дода, ба афзоиши нархи бахусус тилову нуқра мусоидат кардааст.
XS
SM
MD
LG