Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки АвроОсиё ба "Тоҷпромбонк" 3 миллион $ медиҳад


Бонки АвроОсиё ба “Тоҷпромбонк” барои ироаи қарзҳои хурд 3 миллион доллар медиҳад. Ҷамшед Зиёев, раиси “Тоҷпромбонк” гуфт, ин маблағ дар се баста то як соли дигар ва таҳти шароити 12 дарсад фоизи солона дода хоҳад шуд.
Маблағи вомҳои хурде, ки тибқи ин барнома ба муштариён ироа хоҳад шуд, аз 1 то 50 ҳазор долларро ташкил хоҳад дод.
Бонки АвроОсиё, ниҳоди муштараки молии Ҷомиаи ҳамкориҳои АвроОсиё буда, қаблан барои мубориза бо бӯҳрон ба Тоҷикистон 70 миллион доллар ваъдаи кӯмак кард.
XS
SM
MD
LG