Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пинадӯзони кафшҳои кӯҳна дар шаҳри Кӯлоб аз афзоиши ба тадриҷи теъдоди муштариёнашон сӯҳбат мекунанд. Одинамад Қурбонов, сокини шаҳри Кӯлоб, ки таҷрибаи 15 солаи дарбеҳгарӣ дорад, мегӯяд, таи ду соли ахир муштариёнаш аз солҳои пеш ба маротиб бештар шудааст.

Ӯ мегӯяд, тамоми муштариёнаш попӯшҳои истеҳсоли давлати Чин доранд, ки пас аз ним ё як моҳи пӯшидан аллакай дарридаанд:

«Попӯшҳое, ки дар бозоранд, ҳамаш аз Хитой аст. Маҳсулоти Хитой ростӣ хела бесифат аст. Аз магазин мехаранд, зуд об медарояд, медаррад. Тагҳояш меканад, ягон сифат надорад.»

«Пеш аз пӯшидан медӯзем»

Одатан бархе сокинони шаҳр пас аз харид, ҳатто пеш аз ба по кардани кафш аз тарси кушода нашудан, паҳлӯ ва зери кафшро барои аз ҳам ҷудо нашудан, назди кӯҳнадӯз мебаранд.

Хайриниссо Бозорова, сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, бо аз 25 то 30 сомонӣ попӯш мехарад ва барои тармимаш 5 сомонӣ дигар сарф мекунад. Хонум Хайриниссо афзуд: «Ширешҳоя намепояд. Барои ҳамин аз болои ширешҳои худаш боз медӯзем. Пас аз таъмир боз чанд муддати дигар мепӯшем.»

Дар ҳамин ҳол Файзалӣ Гадоев, як сокини кӯҳансол мегӯяд, замони Шӯравӣ попӯши арзонтаринро то ду се сол мепӯшид, вале ҳоло кафшро аз як ё ду моҳ зиёд намешавад ба по кард.

Ӯ мегӯяд: «Попӯшиҳои ҳозира дигар ба дӯхтан ҳам намерасанд ва ҳам намеарзанд. Дигар илоҷ ҳамин аст, ки мепартоӣ ва навашро мегирӣ.»

Кафш нишони дороӣ ва камбизоатӣ

Сиёвуш Раҳимов, як донишҷӯ бар ин назар аст, ки саҳти зиндагии мардумро бо як мушоҳида метавон аз попӯшҳои онҳо дарк кард. Ба қавли ӯ, феълан попӯши истеҳсоли чиноӣ ба пой кардан нишони камбизоатӣ ва попӯши истеҳсоли Русия ё Олмон ба по доштан нишони сарватмандист.

Дар ҳамин ҳол Тоҳир Намозов, тоҷири попӯшҳо дар бозори Кӯлоб мегӯяд, афзоиши кафшҳои чиноӣ дар бозор ба назар гирифтани талаботи муштариён аст. Ӯ мегӯяд, имрӯз талабот маҳз ба ҳамин гуна попӯшҳои сифаташон паст ва арзон зиёд шудааст:

«Мо метавонем, қиматтарин попӯшҳои истеҳсоли Туркияву ҳамон Хитойро биорем, вале бовар кунед, аксари муштариён аз 40 сомон зиёд намехоҳанд попӯш харанд. Мо талаботро ба назар мегирем. Агар попӯши қимат биёрем касе намехарад ё харидори хело кам дорад.»
Ин гуфтаҳоро Назокат Ҳалимова, сокини шаҳри Кӯлоб низ тасдиқ мекунад. Ӯ мегӯяд, чаҳор фарзанд дорад ва тақрибан ду ҳафта пас барои онҳо попӯш харидорӣ менамояд.

Ӯ мегӯяд, дигар дар бозорҳои маҳаллӣ попӯши босифат пайдо кардан мушкил шудааст, зеро тоҷирон ҳатто молҳои чиноиро низ моли дигар кишварҳо ва бо сифат муаррифӣ намуда, ба фурӯш мегузоранд.

Хонум Назокат афзуд: «Попӯши барои фарзандонамон харидагӣ ҳатто як сизон ҳам намебаранд. Ду се ҳафта мепӯшанд, боз дигарашро мехарем. Баъзеяшро дӯхта ҳам дигар намешавад, зеро барои истифодаи як бор истеҳсол шудаанд.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки кӯҳнадӯзони маҳаллӣ мегӯянд, ин талаботро ба назар гирифта, феълан тоҷирон аз Чин барои дарбеҳи попӯшҳои ҷудогона, тагу рӯй ва дигар ҷузвҳои попӯшро ворид мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG