Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи дуввум аст, ки дар Тоҷикикистон 30 ҳазор нафари таълимдида ба шумориши аҳолӣ ва таҳқиқи вазъи иҷтимоиву иқтисодии мардум идома медиҳанд. Ин дуввумин барӯйхатгирии аҳолӣ пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон аст. Нуфусшумории ахир дар соли 2000 анҷом шуда буд.

Суолу пурсишҳо дар маъракаи ҷории баруйхатгирии аҳолӣ аз чаҳор бахш иборат аст, аммо барои афроди бе ҷои зисти муайян, афроди нуфусшумор ва афроди муваққатан маҳали зисти худро тағйирдода, бахшҳои хосе таҳия шудааст.

Барои ба даст овардани маълумот, афроди барӯйхатгир асноди зарури тақозо намекунанд ва ба маълумоти шифоҳӣ иктифо мекунанд.

Оҷонси омори назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, маълумоти бадастоварда аз ин нуфусшуморӣ ба мақомоти дигаре пешниҳод намешавад ва дар худи оҷонсӣ хулоса ва дар шакли маҷмӯъӣ нашр мешавад.

Ин мақом мегӯяд тавассути барӯйхатгирӣ маълумоти махсуси хонаводаҳо ба даст оварда мешавад, ки дар дигар сурат пайдо кардани он маълумот ғайримумкин аст.


Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG