Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти полиси Босния барои қочоқи сигор


Мақомоти Босния имрӯз 22 афсари полисро чун бахше аз амалиёти зидди қочоқи сигор боздошт карданд. Додситонӣ мегӯяд, ки ин ходимони полис дар миёни 60 нафари дар саросари ҷумҳурӣ боздоштшуда зикр мешаванд. Босния солҳои зиёд аст, ки ба унвони макони қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва инсон ба Аврупои ғарбӣ хизмат мекунад. Иттиҳодияи Аврупо решаканкунии ҷинояти муташаккилонаро дар Босния шарти муҳиме барои ҷоришавии иҷозати сафари бидуни раводид дар қаламрави кишварҳои узви ин иттиҳод медонад.
XS
SM
MD
LG