Пайвандҳои дастрасӣ

"Саҳми Раҳматов дар рушди телевизион зиёд аст"


Ахиран дар Душанбе дар синни 76-солагӣ яке аз маъруфтарин чеҳраҳои телевизиони тоҷик, ровии маъруф ва раҳбари собиқи радиои ҷумҳурӣ Субҳон Раҳматов даргузашт. Ҳамкорони оқои Раҳматов гуфтанд, ки ӯ рӯзи шанбе бидуни ҳеҷ дард ё беморие дар хонааш ҷон дод.
Ӯ соли 1934 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омада баъди хатми донишгоҳи омӯзгорӣ ба Душанбе меояд. Дар давоми солҳои 1956 то 2003 дар телевизион ва радиои Тоҷикистон кор карда солҳои 1975-1985 раҳбарии радиои ҷумҳуриро ба ӯҳда доштааст. Мунира Ҳакимова, наттоқи шинохтаи телевизион мегӯяд, бо исми Субҳон Раҳматов мактаби шӯравии наттоқиву хабарнигории телевизион ва радио вобаста мебошад:
“Шахси хеле ботамкин, бомаърифат, бофарҳанг буданд. Шахсе, ки хизмати бузург гузоштанд. Пеш аз ҳама мактаб ташкил карданд, мактаби наттоқиро. Назари Субҳон Раҳматов ин буд, ки на ҳар кас метавонад дар кумитаи телевизиону радио фаъолият кунад, беҳтарини беҳтаринҳоро интихоб мекарданд. Рӯҳашон шод бод! Мо ифтихор дорем, ки аз шогирдони он кас будем”.
Хонум Ҳакимова афзуд, ки худи шодравон бо садои марғуладору ширинаш шинохташаванда буд ва ҳаводори зиёд дошт. Ӯро аз намояндагони насли зиёиёни маъруфи Тоҷикистон мешинохтанд, ки барои рушди телевизиону радиои миллӣ ва афзоиши барномаҳо ба забони тоҷикӣ дар расонаҳои давлатии кишвар саҳми зиёд гузоштааст.
XS
SM
MD
LG