Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати дифоъи Тоҷикистон баъди изҳори таслият ба пайвандони кушташудагони даргириҳои дараи Камароби водии Рашт рӯйхати фавтидагонро нашр намудааст. Дар ин даргирӣ рӯзи 19 -уми сентябр 25 сарбози вазорати дифоъ ба қатл расиданд.

Бар асари як ҳамлаи ғофилгирона ба корвони мошинҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон рӯзи 19 -уми сентябр дар дараи Камароб 25 нафар аз нерӯҳои ин вазорат кушат шуданд.

1. полковник Маҳмудов Абдуҳаким Раҳмонович, соли таваллудаш 1961 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Айнӣ);

2. подполковник Сайвалиев Акрам Давлатович, соли таваллудаш 1974 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Фархор);

3. капитан Саидҷамол Саидов, соли таваллудаш 1976 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Восеъ);

4. капитан Исоев Наврӯз Раҷабмадович, соли таваллудаш 1984 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Шӯробод);

5. лейтенант Гиёев Давлатҷон Бурҳонович, соли таваллудаш 1987 (Комиссарияти ҳарбии шаҳри Сарбанд);

6. сержант Шодиев Фарҳод Хушвахтович, соли таваллудаш 1989 (Комиссарияти ҳарбии шаҳри Данғара);

7. сержант Мирзанов Элмурод Саиддинович, соли таваллудаш 1990 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Зафаробод);

8. аскар Чиянов Зуҳуриддин Пардабойуғлӣ, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ);

9. аскар Акрамалӣ Абдураҳмон, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Рашт);

10. аскар Раҷабов Фаррух (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Шаҳристон);

11. аскар Расулов Мансур Орифович, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Ашт);

12. аскар Алишери Умаралӣ, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ);

13. сержант Ҳотамов Даврон Аъзамович, соли таваллудаш 1989 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Данғара);

14. аскар Холиқов Эмомалӣ Аҳмадшоевич, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Шаҳринав);

15. аскар Оймаҳмадов Насриддин Авлиёқулович, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Темурмалик);

16. аскар Раҳмонов Неъматулло Ҳасанович, соли таваллудаш 1985 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе);

17. аскар Авазов Нурмаҳмад Тоҷиддинович, соли таваллудаш 1986 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Шаҳринав);

18. аскар Одинаев Файзмаҳмад Қурбонович, соли таваллудаш 1984 (Комиссарияти ҳарбии шаҳри Хуҷанд);

19. аскар Абдураҳмонзодаи Раҷабалӣ Мирзоалиевич, соли таваллудаш 1992 (Комиссарияти ҳарбии шаҳри Норак);

20. аскар Каримов Сиддиқ Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1988 (Комиссарияти ҳарбии шаҳри Сарбанд);

21. аскар Норинбекзода Фаридуни Тӯхта, соли таваллудаш 1990 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Қубодиён);

22. аскар Аҳмадқул Мурод ӯғлӣ, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии шаҳри Панҷакент);

23. аскар Хурматов Неъматулло Қодирович, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Қумсангир);

24. хизматчӣ - ронанда Абдуллоев Баҳрулло, соли таваллудаш 1985 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе);

25. аскар Норов Фармонқул Ҳамроҳқулович, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Ғончӣ).


То кунун кадом гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, аммо вазорати дифоъи Тоҷикистон дар як баёнияи масъулияти ин ҳамларо бар дӯши гурӯҳи Мулло Абдулло (Мулло Абдулло) ва Аловуддин (Давлатов Алӣ Бедакӣ) вогузор намуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG