Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз депортатсияи тоҷикистониҳо


Дар сӯҳбат бо Азия-Плюс додситони нақлиётии вилояти Хатлон аз ҳодисаҳои афзояндаи депортатсияи шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ изҳори ташвиш кардааст. Саидакрам Зоҳиров гуфтааст, ки дар тӯли яку ним соли охир танҳо ба вилояти Хатлон аз роҳҳои ҳавоиву нақлиётӣ 280 сокини ин минтақа истирдод шудаанд. Дар натиҷаи депортатсияи ин афрод сохторҳои зирабти ин вилоят 280 ҳазор сомонӣ зиён диданд. Сабаби аслии истирдод шудани шаҳрвандонро додситони нақлиётӣ дар сафари дубораи шаҳрвандон баъди депортатсияи аввала ба ҷумҳуриҳои шӯравии пешин ва ҳамчунин дар хатми мӯҳлати шиносномаҳои хориҷии онҳо медонад.
XS
SM
MD
LG