Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Доналд Трамп дар Гурҷистон хона месозад


Дафтари раёсатҷумҳурии Гурҷистон мегӯяд, ки сарватманди маъруф Доналд Трамп розӣ шуд, ки дар ин ҷумҳурии қафқозӣ як сохтмони баландошёнаи навро сармоягузорӣ кунад. Дар изҳороти мақомот омадааст, ки Трамп дар Ню-Йорк бо раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ дар ин замина як созишномае имзо кардааст. Тафсилоти молии ин тарҳ ҳоло ошкор намешавад ва ҳамчунин тасмиме дар заминаи макони ҷойгиршавии сохтмони нави осмонбӯсе гирифта нашудааст. Трамп аз ин пеш хостори бунёди сохтмони баландошёнае дар макони таркишҳои 11 сентябр дар Ню-Йорк шуда буд.
XS
SM
MD
LG