Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯи таҳқиқи ҳодисаи таҷовузи мусофири қирғиз


Мақомот ба таҳқиқи ҳодисаи эҳтимолии таҷовуз ба номуси зани қирғизистоние аз ҷониби як марзбони Қазоқистон шурӯъ кардаанд. Бахши қирғизии радиои Озодӣ мегӯяд, имрӯз вазорати хориҷаи Қирғизистон дар як нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки навори видеоии ҳодисаи дар посгоҳи Жайсан дар миёни марзбон ва мусофири қатор рухдодаро мусодира ва мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Ин ҳодиса рӯзи 17 сентябр дар марз рух додааст. Марзбони қазоқ ҳангоми тафтиши қатори Бишкек-Маскав дар сарҳади Қирғизистону Қазоқистон зани 26-солаи қирғизро аз қатор берун карда дар дафтари кории худ ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст. Ин зан баъди бозгашт ба қатор ба ҳамсафаронаш аз ҳодисаи рухдода шикоят кардааст. Баъдан мусофирон ба муддати панҷ соат қаторро аз ҳаракат боздошта талаби муҷозоти марзбонро пеш карданд. Ҳоло муттаҳам дар боздоштгоҳи муваққат мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Вазорати хориҷаи Қирғизистон мегӯяд, ки ин ҳодисаро таҳти контроли худ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG