Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркише дар Эрон ҷони 10 нафарро гирифт


Расонаҳои Эрон мегӯянд, ки имрӯз бар асари таркише дар шаҳри шимолуғарбии Моҳободи Ҷумҳурии Исломӣ даҳ нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Таркиш ҳангоми баргузории гашти низомӣ бахшида ба 30-юмин солгарди шурӯи ҷанги Ироқу Эрон рух дод. Аксари қурбониҳои занону кӯдакон буданд, ки барои тамошои гашти низомӣ омада буданд. Воҳид Ҷалолзода волии Озарбойҷон гуфт, ки таркиш кори дасти гурӯҳҳои зиддиинқилобӣ аст. То ҳол ҳеҷ гурӯҳ ё нафаре масъулияти ин таркишро ба дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG