Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ба Тоҷикистон кӯмаки низомӣ мекунад


Маҷлиси Қазоқистон (палатаи поёнии парлумон) имрӯз дар ҷаласааш тарҳи қонунро оид ба пешкаши кӯмаки низомӣ ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созишномаи байниҳукуматии ин ду кишвар ба тасвиб расонд. Ин созишнома ҳанӯз ноябри соли гузашта дар Душанбе баъди дархости раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд. Намояндаи вазорати дифои Қазоқистон дар сӯҳбат бо матбуоти маҳаллӣ гуфтааст, ки бо дархости Тоҷикистон рӯйхати моли низомӣ тартиб дода шуд, ки ба он дастгоҳи ҷустуҷӯи мина, маводи кимиёии ҷосусӣ ва дигарҳо шомил аст. Дар хабари мазкур аммо роҷеъ ба эҳтимоли сафарбаркунии нирӯҳои низомӣ ба Тоҷикистон дар сурати пеш омадани чунин як зарурате чизе гуфта намешавад.
XS
SM
MD
LG