Пайвандҳои дастрасӣ

40 миллиард доллар ба сиҳҳатии модару кӯдак


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун имрӯз эълон кард, ки барои пешбурди вазъи беҳдоштии занону кӯдакон ва ҳифзи ҷони милёнҳо нафар 40 миллиард доллар ихтисос медиҳад. Бан гуфт, ки ҳукуматҳо, одамони хайрхоҳ ва соҳибкорон ба стратегияи ҷаҳонии сиҳҳати модару кӯдак пули нақд таақдим кардаанд. Вай гуфт, ки ба шарофати стратегияи мазкур то соли 2015 имкони ҳифзи ҷони 16 миллион нафар вуҷуд дорад. Изҳороти мазкур дар остонаи шурӯи ҳамоиши СММ оид ба рафъи фақру нодорӣ дар чаҳорчӯби барномаи Рушди ҳазора садо дод. Дар ин ҳамоиш қарор аст раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама ва нахуствазири Чин Вен Ҷиабао суханронӣ кунанд. Дар ин нишаст дар баробари 140 раҳбари давлатҳои дорову нодори ҷаҳон раисиҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат дорад.
XS
SM
MD
LG