Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии стратегияи ҷангии ИМА дар як китоби нав


Бархе аз аъзои баландпояи тими амниятии ҳукумати Барак Обама дар китоби наве стратегияи президент дар Афғонистонро зери суол бурдаанд. Китоби зери унвони “Ҷангҳои Обама” ба журналисти собиқадор Боб Вудворд тааллуқ дорад ва дар бораи 20 моҳи гузаштаи ҷанги Афғонистон ва стратегияи Кохи Сафед дар баробари он баҳс мекунад, ки аъзои ҳукуматро амиқан тақсим кардааст. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки Вашингтон мехоҳад шумори нирӯҳоро то се баробар афзоиш диҳад. Мушовири президент дар умури Афғонистон генерал Дуглас Лют ва фиристодаи вижаи Обама дар минтақа Ричард Ҳолбрук мегӯянд, ин сиёсат кор нахоҳад дод. Муаллиф ҳамчунин ба вазъи Ҳомиди Карзай, раҳбари Афғонистон муроҷиат карда гуфтааст, ки ӯ дар ҳолати афсурдагии давомдор қарор дорад ва аз доруву дармон вобаста шудааст.
XS
SM
MD
LG