Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2008 гуфта буд, ки аз ин ба баъд, дар ҷамъоварии пахта нерӯи хонандагону донишҷӯён истифода нашавад, аммо ниёзмандии рӯзгор кӯдаконро дар пахтазорон дар канори модарони худ қарор додааст.

Сӯбҳи барвақт замоне, ки ба заминҳои пахтазор дар ноҳияи Спитамен омадем, дар канори волидон хурдсолону ҷавононеро медидам, ки пунба мечиданд ва кӯшиш мекарданд, ки ба модарони худ ёрӣ диҳанд.

Акрам, як хонандаи синфи 9 -и макатаби ноҳияи Спимтамен ҳар рӯз то 10 - 20 кило пахта ҷамъ меорад. Вай мегӯяд, ки оғози соли таҳсил ба сари замин омада, ба кори пахтачинӣ машғул мешавад.

Аз пахтазор ба мактаб


Вақте, ки аз ӯ пурсидам, аз кори саҳро хаста ба мактаб меравад, пас чӣ гуна машғулиятҳои мактабиро аз худ мекунад, шарм дошт, ки сӯҳбат кунад.

Рафиқи ӯ, Маҳмуд Камолов як хонандаи дигари мактаби ин ноҳия мегӯяд, маъмулан то оғози дарс ба саҳро баромада, дар канори модари деҳқонаш пахтачинӣ мекунад.

Маҳмуд, мегӯяд: «Барои як кило пахта 20 дирам медиҳанд. То оғози дарс ба кӯмаки оилаам ба саҳро меоям. Ҳар рӯз то 40 - 45 кило пахта мечинам. 10-15 сомоние, ки бар ивази он ба даст меояд, модарам барои харидани орду равған харҷ мекунад».

Занҳое низ ба чашм мехӯрданд, ки ҳамроҳ бо фарзандонашон бо қомати хамида дар ҷӯйякҳо дудаста пахта мечиданд.

Нодира модарашро танҳо намегузорад

Марҳабо Холбекова аз шумори занҳоест, ки ҳоло ҳамроҳи Нодираи 11 сола ба ҷамъоварии пахта машғул аст. Вай мегӯяд, ҳарчанд дар бораи манъи ҷалби атфол ба пахтачинӣ хабар дорад, аммо наметавонад дар кори кишоварзӣ танҳо бошад.

Хонуми Марҳабо мегӯяд, худи фарзандонаш ҳам душвориҳои вазъи иқтисоди хонаводагиро эҳсос кардаанду аслан виҷдонашон намегузорад, ки дар кори сангини саҳро модари худро танҳо бубинанд.

Ӯмегуяд: «10 рӯз мешавад, ки ҳамроҳи духтарам Нодира, пахтачинӣ мекунем. Ӯ ҳоло 11 сола аст ва дар синфи 4 ум мехонад. Таҳсили Нодира дар мактаб баъд аз зуҳр сурат мегирад ва ӯ то ниммаи ҳар рӯз 15 – 20 кило пахта чида, ба кори ман кӯмак мерасонад».

Хонум Марҳабо мегӯяд, беш аз ду сол аст, ки шавҳараш дар муҳоҷират, дар Русия ба сар мебарад ва иҷрои кору бори хонаву саҳро бар дӯши худу фарзандонаш вогузор шудааст.

Ҳақмузди кам, бар ивази кори сангини саҳро

Манзура Султонова, роҳбари иттиҳоди ҷамъиятии «Саодат» дар Хуҷанд, ҳамаи инро аз нодориву ниёзмандии хоҷагиҳо медонад, ки чунин вазъ аксар наврасонро водор кардааст, ки ноилоҷ аз роҳи мактаб, рӯ ба кори саҳро оранд.

Манзура Султонова мегӯяд: «Аксари наврасон дар хоҷагиҳои қишлоқ шароити фарогир ба таълиму тарбия надоранд. Вақте, онҳо аз мактаб меоянд, дар хона касеро пайдо карда, наметавоананд, зеро модарон аз саҳарии барвақ то шом дар саҳро кор мекунанд, падарон дар муҳоҷират қарор доранд. Аз ин хотир, онҳо пас аз дарс, барои ҷӯстани модарон ба саҳро омада, худро ба кори саҳро мезананд. Мутаассифона, шароит бисёр душвор шудааст».

Ӯ афзуд, дар шароите, ки ҳоло ҷои кори техика дар саҳроро белу каланд иваз кардааст, пешгирӣ кардани ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи атфол дар хоҷагиҳои Тоҷикистон ҳам кори душвор аст. Вай мегуяд, мутаассифона, чунин ҳол ба рушди маънавии атфол ва дарки огаҳии онҳо таъсири манфии ҷиддӣ мегузорад.

Мақомот: Наврасон ба кори саҳро ҷалб намешаванд

Айюбҷон Бобоев, муовини идораи кишоварзии Суғд мегӯяд, дар мавсими имсола ҳудуди 43 ҳазор, иборат аз кормандони ташкилотҳо ва саҳмдорони хоҷагиҳо ба пахтачинӣ сафарбар шудаанд.

Ӯ ҷалби наврасон дар заминҳои пахтазорро инкор кард ва гуфт: «Тӯли се сол мешавад, ки ягон мактабхону донишҷӯёни донишгоҳҳо дар хоҷагиҳо ба кори пунбачинӣ набаромадаанд. Ҳоло пунбачинӣ дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонии вилоят бо нерӯи калонсолон ва бо сурати баланд ҷараён дорад».

Ҳарчанд, мақомоти вилояти Суғд, аз ҷалби ҷавонон дар заминҳои пахтазор тарафдорӣ намекунанд , вале ба мисли Акраму Маҳмуд ҳамсӯҳбатони аввалии мо, даҳҳо навраси дигарро мушоҳида кардан мумкин аст, ки пас аз дарс ва ё рӯзҳои шанбеву якшанбе ба пахтачинӣ меоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG