Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳолбрук: Тағйири нақшаи хуруҷ баъид менамояд


Ричард Ҳолбрук, фиристодаи хоси Вошингтон дар Афғонистону Покистон гуфт, гумон аст, ки пешрафти кунд дар Афғонистон раисиҷумҳури Амрико Барак Обамаро аз оғози барномаи хуруҷи нирӯҳои ҷангии Амрико дар соли оянда манъ кунад. Ҳолбрук назар ба интизорот кундтар амалӣ шудани бархе бандҳои стротежии нави Амрико дар қиболи овардани субот ба Афғонистон, аз ҷумла дар амри оштӣ бо ҷангиёни мӯътадили толиб ва ҳамоиши онҳо бо ҷомиаро таъйид кард. Аммо ӯ монанди мақомҳои дигари Амрико аз ширкати мардуми афғон дар интихоботи рӯзи 18 сентябрро низ тавсиф кард.
XS
SM
MD
LG