Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти мубориза ба фақр имрӯз поён меёбад


Нишасти серӯзаи мубориза бо фақри СММ дар Ню-Йорк имрӯз ба поён мерасад. Дар ин нишаст раҳбарони 140 кишвари дорову нодори дунё ҷараёни иҷрои Барномаи рушди ҳазорсоларо баррасӣ мекунанд. Ин барнома 10 сол қабл тасвиб шуда, то соли 2015 ду маротиба коҳиш додани мизони фақрро ба ҳадаф дорад. Имрӯз дар ин ҳамоиш аз ҷумла раҳбарони Амрикову Чин Барак Обама ва Вен Ҷибао суханронӣ хоҳанд кард. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дирӯз гуфт, кишварҳоро лозим аст, масъулияти таъмини рушди худро ба дӯш гирифта, умед бастан ба кӯмаки дигаронро бас кунанд. Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, низоми сармоядорӣ дар садади фурӯпошист ва фурсати эҷоди низоми нави иқтисодӣ фаро расидааст.
XS
SM
MD
LG