Пайвандҳои дастрасӣ

Бо ҳероин боздошт шудани довари собиқи футбол


Як довари собиқи Ҷоми ҷаҳонии футбол дар фурудгоҳи Ҷон Кеннедии шаҳри Ню-Йорки Амрико бо иттиҳоми қочоқи ҳероин боздошт шуд. Байрон Морено бастаҳои маводи мухаддирро дар баданаш баста будааст.
Морено аз Эквадор буда, дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2002 бозии баҳсбарангези байни тимҳои Итолиёву мизбони он мусобиқот – Кореяи ҷанубиро доварӣ карда буд. Ӯ соли 2003 аз доварӣ истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG