Пайвандҳои дастрасӣ

Таъйиди номзадии Брайза ба сафорати Озарбойҷон


Кумитаи калидии Сенати Амрико аз номзади раиси ин ҷумҳурӣ Барак Обама ба мақоми сафир дар Озарбойҷон пуштибонӣ кард. Ҳимояти Кумитаи равобити байналмилалии Сенат роҳро барои тасвиби номзадии Метю Брайза боз мекунад. Номзадии ӯ мавриди танқиди гурӯҳҳои арманӣ ва шуморе аз мақомоти Арманистон қарор гирифтааст. Онҳо Брайзаро ба пешбурди хатти машши рӯ ба Озарбойҷон, бахусус дар баҳс бар сари вилояти ҷудоихоҳи Қаробоғ айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG