Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон баҳсҳо бо Узбакистонро матраҳ кардааст


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбе дар Ню-Йорк дар мулоқот бо дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун масоили марбут ба шиддати равобити кишвараш бо Узбакистон, аз ҷумла бар сари қазияи вагонҳо ва тарҳи нирӯгоҳи Роғунро дар миён гузошт. Оқои Раҳмон гуфт, Душанбе ҳанӯз як сол қабл ба СММ анҷоми ташхиси обанборҳои Тоҷикистон ва минтақаро пешниҳод кард, вале то ҳол посухе нагирифтааст.
Мавзӯъи дигари матрӯҳа дар ин дидор тарҳи бунёди як роҳи оҳан аз Тоҷикистон то Ҳироти Афғонистон будааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ширкат дар нишасти сарони кишварҳо роҷеъ ба натоиҷи 10 соли иҷрои Барномаи рушди ҳазорсолаи СММ дар Ню-Йорк қарор дорад.
XS
SM
MD
LG