Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони иттиҳом алайҳи Парвини Тоҷик дар Эрон


Парвини Тоҷик, бародари хабарнигор ва фаъоли зиндонишудаи ҳуқуқи башари Эрон Абдулризои Тоҷик, бино ба хабарҳо, ба нашри дурӯғ ва таблиғи зидди Ҷумҳурии исломӣ айбдор шудааст. Парвини Тоҷик ахиран ба зиндони Эвини Теҳрон эҳзор шуд, вале дар пайи эълони айбнома ӯро дар баҳои пули гарав раҳо кардаанд. Абдулризои Тоҷик, узви Маркази ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Теҳрон дар моҳи июн боздошт шуд. Ин севвумин мавриди боздошти ӯ тайи як соли гузашта аз интихоботи пурбаҳси раёсатҷумҳурии Эрон аст, ки Маҳмуди Аҳмадинажодро дар он баранда эълон карданд.
XS
SM
MD
LG