Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фармондеҳи Сипоҳ ба хиёнат айбдор шуд


Фотима Амиронӣ, завҷаи фармондеҳи фақиди Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон Ҳамид Бокирӣ, дар номаи саркушодае фармондеҳи кунунии Сипоҳ Муҳаммадалӣ Ҷаъфариро ба хиёнат айбдор кардааст. Ҳамид Бокирӣ дар солҳои 80, дар даврони ҷанги Эрону Ироқ шӯҳрат ёфта буд.
Хонум Амиронӣ дар номааш интихоботи соли гузаштаи раёсатҷумҳурии Эронро табаддулот номида, Ҷаъфариро ба маҳзи нақши дар ин маърака бозикардаи Сипоҳ ва дар ҷараёни саркӯбии эътирозҳои пасоинтихоботӣ муртакиби хиёнат хондааст. Хонаводаи Бокирӣ дар он интихобот аз номзадҳои мухолифин Мирҳусайни Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ пуштибонӣ мекард. Давлати Эрон то кунун Ҳамид Бокирӣ ва бародари ӯ Иброҳимро аз қаҳрамонҳои ҷанг ва рамзи шаҳодат медонист.
XS
SM
MD
LG