Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ПАД ба Тоҷикистон нирӯ фиристоданӣ нест


Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ гуфтаааст, ки ба Тоҷикистон нирӯ намефиристад. Анатолий Ноговитсин, ноиби фармондеҳи ситоди муштараки паймон мегӯяд, масъалаи ба Тоҷикистон фиристодани нирӯҳои ҳомии сулҳи ин эътилофи низомӣ матраҳ нест, чунки вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфтааст, ки худ қодир ба ҳалли қазия ҳаст.
Ахиран боз 2 тан аз сарбозони дар ҳамлаи рӯзи 19 сентябр дар дараи Камароби ноҳияи Рашт ҷароҳатбардошта дар бемористон даргузаштанд. Шумори сарбозони кушташуда бар асари он шабехуни алаҳи нирӯҳои артиши давлатӣ ба ин тартиб ба 25 нафар расид.
XS
SM
MD
LG