Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алайҳи ду раҳбари бонки Ватикан парванда кушодаанд


Додситонҳои Рум дар иртикоби таҳқиқи як парвандаи пулшӯӣ фаъолияти ду мақоми бонки Ватиканро низ тафтиш мекунанд. Додситонҳо ҷиҳати забти 23 миллион евро пули марбут ба ин бонк дастур дода, алайҳи мудири бонки Ватикан Этторе Готтӣ Тедечӣ ва боз як мудиромили аршади ин ниҳоди молӣ парванда боз кардаанд.
Ватикан дар як баёния гуфт, аз ин таҳқиқот дар шигифт ва ҳайрат уфтодааст. Ватикан ҳамзамон ба Тедечӣ изҳори эътимоди комил кардааст. Бонки Ватикан, ки номи расмиаш Институти корҳои мазҳабист, суратҳисобҳои марбут ба калисои католикии Румро идора мекунад. Дар соли 1982 ҳам мудири вақти Бонки Ватикан бо ҷурми даст доштан дар расво шудани 3,5 миллиард доллар дороии Banco Ambrosiano, бузургтарин бонки хусусии Итолиё, ҳукми зиндон гирифта буд.
XS
SM
MD
LG