Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифтитоҳи шабакаи аврупоии интернет барои Осиёи Марказӣ


Иттиҳоди Аврупо дар Қирғизистон як шабакаи баландсуръати интернетиро роҳандозӣ кард, ки қарор аст, ба зудӣ Тоҷикистон ва Туркманистонро низ фаро гирад. Қазоқистон ва Ӯзбакистон номзадҳои ояндаи пайванд ба ин барномаанд. Бино ба тарҳи пешакӣ интизор меравад, Шабакаи Пажӯҳиш ва Маорифи Осиёи Марказӣ ба зиёда аз 500 000 муҳаққиқ ва донишомӯз имкони истифода аз интернети босуръатро фароҳам орад. Нархи умумии тарҳ ба 8,5 миллион доллар баробар буда, кишварҳои зидахл 20 дарсади ин сармояро хоҳанд пардохт. Иттиҳоди Аврупо ин тарҳро яке аз ташаббусҳои густариши ҳамкориҳояш бо кившарҳои Осиёи Марказӣ медонад.
XS
SM
MD
LG