Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз даргириҳои Камароб


Ҳамлаи мусаллаҳона дар Камароби Рашт хуни даҳҳо сарбози вазорати дифоъро рехта, даҳҳо тани дигарро гумном кардааст, ки бисёре аз онҳо мебоист баъд аз чанд рӯзи дигар хидмати ватан модарро адо карда, бо рутбаи афсарӣ ба назди пайвандони худ бармегаштанд.

Ин хабар тамоми ҷомеаи Тоҷикистон, бахусус ҳамсолони сарбозони ҷавонмаргро ғамгину дилхун кардааст.

Бештари ҷавонон мегӯянд, аз ҷалби сарбозони камтаҷриба дар муқобили гурӯҳҳои ҷангдида, ё ба гуфтаи мақомот террористӣ, нигаронанд. Ин вазъ ба хусус ташвишу нигаронии худи ҷавонони минтақаи Раштро афзудааст.

Назари ҷавонони Рашт

Лутфулло, як ҷавони раштӣ, дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт: «Боз сар задани нотинҷӣ дар минтақа боиси ташвишу нигаронии мардум шудааст. Дирӯз занг задем, баъзеҳо хоняҳояшонро тарк кардаанд, мардум дар ҳаросанд».

Лутфулло мегӯяд, дар сар задани ин даргириҳо мардуми минтақа ҳеҷ айбе надорад ва ягона орзӯи мардуми маҳаллӣ пойдории суботу оромӣ дар кишвар аст:

«Ин бисёр кори андуҳовар аст барои ҳама мардуми кӯҳистони Ғарм. Мардум, ки ҳоло соҳиби нони худ шудаанд, ҳаргиз намехоҳанд, ки дар Тоҷикистон нооромӣ бошад. Ҳама тарафдори сулҳу салоҳанд».

Ҷавонмаргони ҳамла дар Камароб

Ҳамлаи хунин дар дараи Камароб бино ба бархе хабарҳо, беш аз 20 ва бархеи дигар ҳаёти 40 афсару сарбози артиши кишварро аз байн бурд. Гуфта мешавад, аксари ин аскарон ҷавонони 19- 21 сола будаанд, мисли Алишери Умаралӣ, сарбози 19-солаи вазорати дифои Тоҷикистон, ки имрӯз ба хок супурда шуд. Ӯ баъд аз 8 моҳи хизмат ба хотири тануманд будан ба минтақаи Рашт ирсол шудааст.

Ба гуфтаи гурӯҳи ҷавонони огоҳи кишвар, кушта шудани сарбозон дар Рашт ва чанд ҳодисаи ахири дигар, ки низ ба марги якчанд сарбоз анҷом ёфта буд, метавонад дар раванди ҷалби ҷавонон ба артиш дар мавсими навбатии даъвати ҳарбӣ, таъсири манфӣ расонад ва боиси афзун шудани тарсу ҳароси волидон шавад.

Умаралии Сафарали мусоҳиби ҷавони мо дар ин зимн гуфт: “То ин замон мушоҳида мешуд, ки бархе ҷавонон аз хизмат рӯ метофтанд ва ин хабарҳо метавонад боиси боз ҳам афзун шудани гурези ҷавонон аз хизмат шавад. Ман фикр мекунам, бояд дарсу машқҳои низомӣ дар қисмҳои ҳарбии кишвар хубтар ба роҳ монда шавад, то дар чунин ҳолатҳо сарбозон тавонанд аз худ ҳимоя кунанд».

Интиқод аз ирсоли наваскарон ба даргириҳо

Мусоҳиби дигарам, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, аз ҷалби сарбозон ба чунин низоъҳо интиқод мекунад:

«Бояд дар чунин ҳолатҳо бояд қабл аз ҳама ниҳодҳои вижаи давлатӣ сафарбар шаванд, на сарбозони камтаҷриба, ки дар ҳоли омодабош қарор надоранд ва наметавонанд аз худ ҳимоя кунанд. Ин таҷриба дар ягон давлат нест. Масалан, агар ҳодисаҳои Русия ва Гурҷистонро ба хотир орем, он ҷо сарбозон набуданд, афсарҳо буданд, ОМОН буд ва дигар ниҳодҳои омодаи Русия ширкат карданд».

Бо ин ҳол, гуфта меашвад, ки кушта шудани даҳҳо тан аз сарбозони қатории артиши Точикистон вазъи то ин дам ороми кишварро ғуборолуд карда, баъд аз гузашти сенздаҳ сол аз имзои сулҳи тоҷикон дубора модарони зиёдро ба мотам нишондааст. Модароне, ки бо ҳазор умед ин сарбозони навхатро парвардаву бо ҳазор орзу ба сафи артиш гусел карда буданд, вале фақат тобути онҳоро дарёфта карданду халос.
XS
SM
MD
LG