Пайвандҳои дастрасӣ

Ин шабу рӯз дар дараи Варзоб дар оғӯши кӯҳҳои осмонбӯс лагери байналмилалии омӯзишии зистмуҳитӣ баргузор мешавад, ки дар он ҷавонони фаъоли 8 кишвари собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Тоҷикистон ҳузур доранд.

Чорабинии мазкур бо ташабуси Кумитаи ҷавонон ва Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои башарии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ созмон ёфтааст.

Кабирҷон Ҷураев, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ мегӯяд, солҳои охир дар ҳудуди кишварҳои собиқ шуравӣ, масъалаҳои зистмуҳитӣ ба маротиб афзудааст, ки пайомади муносибати нодурусти одамон ба табиат аст. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ таълими донишҳои зистмуҳитӣ қариб аз байн рафт ва бисёре аз ҷавонон дар муносибат ба табиат бетафовут шудаанд:

«Тибқи нақшаи корӣ, дар ин чорабинӣ мавзӯъҳои назири ҳимояи мамнӯъгоҳҳо, манбаои алтернативии нерӯи барқ, саҳми ҷавонон дар ҳалли масъалаҳои экологӣ ва роҳҳои беҳтар кардани ҳамкориҳои байни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон дар ҳалли ин мушкилот баррасӣ мешавад».

Кабирҷон Ҷураев афзуд, феълан ба табиати Тоҷикистон хатари ҷиддӣ таҳдид намекунад, зеро кишвар заминаҳои қавии иқтисодиву саноатӣ надорад ва корхонаҳои истеҳсолие, ки дуду партовҳояшон ба муҳити зист таъсири манфӣ расонанд, ангуштшуморанд. Аммо осеби аҳолӣ ба табиати кишвар чашмрас аст, мегӯяд Кабирҷон Ҷураев.

Мушкилоти экологии Тоҷикистон


Вале дар ҳамин замина Зарина Неъматова, корманди созмони бачагонаи эколокии «Зумрад», мегӯяд, дар Тоҷикистон мушкилоти экологӣ хеле зиёд аст. Заринаро аз ҳад зиёд чаронидани чорво дар кӯҳу пуштаҳо нигарон кардааст, ки ба андешаи вай, ин амал боиси нест шудани гиёҳҳои нодиру шифобахш дар ҳудуди кишвар хоҳад шуд:

«Агар мо ба табиат нигоҳ кунем, чи қадар мо табиати зебо дорем. Лекин аз сабабе ки чорво зиёд мечаронанд, баъзе растаниҳои шифобахши кишварамон рӯ ба нестӣ меоварад. Махсусан бузу асп, агар ба растани даҳон занад, онро комилан хушк мекунад. Дар дандони онҳо заҳре ҳаст, ки ба ин ҳолат оварда мерасонад. Агар таваҷҷӯҳ карда бошед, буз танҳо гиёҳҳои шифобахшро мехӯрад, аз ин рӯ ширашро давобахш мегӯянд».

Буридани дарахтони сабз низ ба нестшавии ҷангалҳои Тоҷикистон сабаб мешавад, меафзояд Зарина. Аммо ӯ низ, ки зодаи деҳа аст, ишора мекунад, ки аз як тараф мардуми деҳ низ маҷбуранд ба ин амал даст зананд. Зеро дар фасли зимистон, ки онҳо ба мушкили камии барқ ва набуди газ мувоҷеҳанд, интихоби дигар ба ҷуз аз истифода аз тапак ва ҳезуми аз кӯҳҳо ҷамъовардаашон надоранд. Аммо маъмулан мардум дарахтони сабзро мебуранд, гуфт Зарина:

«Ҳукумат метавонад дар деҳаҳои дурдаст нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ташкил кунад. Албата сӯзишворӣ бо нархи дастрас. Ё ин ки дар арафаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон колхоз ва хоҷагиҳои деҳқонӣ маъракаҳои ниҳолшинонӣ ташкил кунанд, мардум ҳатман ширкат мекунад. Аз як тараф агар шинонанд ва аз тарафи дигар бурида истифода баранд, зарар надорад. Аммо истифода аз рӯйи меъёр бояд сурат гирад».

Зарари камбизоатӣ ба табиат

Дар ҳамин ҳол Мери Бадалян, ҷавони арманӣ, мегӯяд, вазъи бади молии шаҳрвандон ба муҳити зист бетаъсир нест. Зеро маъмулан оилаҳои камбизоат, кӯшиш мекунанд ниёзҳои маишии худро бештар аз табиат бароварда созанд:

«Мушкилоти кишвари мо низ монанд ба дигар кишварҳои собиқ иттиҳоди шӯравиаст. Ҳар қадаре ки метавонем мубориза мебарем. Ягона фарқият дар он аст, ки намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ бо эҳсоси мушкилот, барои аз миён бурдани он кӯшиш мекунанд зуд бо мақомоти ҳукуматӣ ҳамкорӣ кунанд. Зеро замини мо калон нест ва мо ҷангалу захираҳои табии зиёд надорем, аз ин рӯ бояд то ҳадди аксар онро ҳимоя кунем. Қаблан мардум дар кишвари мо низ, ҷангалҳоро мебуриданд, ҳоло бошад кӯшиш дорем ин ҳамаро барқарор созем».

Бернетка Неъматова, намояндаи Қирғизистон, мегӯяд, дуди ғализи болои шаҳр ба вижа пойтахти кишвараш ва ифлосиҳои соҳили Исиқкӯл аз мушкилоти ҷиддии экологии мардум ва давлати Қирғизистон маҳсуб меёбад. Ба гуфтаи Бернетка, нақши ҷавонон дар ҳимоя ва нигаҳдории табиат хеле муҳим аст:

«Ҳоли ҳозир дар атрофи Исиқкӯл бо ташаббуси ҷавонон чорабиниҳои гуногун ташкил мешавад. Барои мисол, як гурӯҳи ҷавонон дар шаҳрҳои назди кӯл ҷамъ омада, партовҳоро ҷамъ меоранд. Бо ин васила таваҷҷӯҳи худро ба муҳити зист изҳор медоранд. Сокинони маҳаллӣ ин амали ҷавононро мушоҳида карда, ба онҳо пайравӣ мекунанд».


Мавзӯъҳои лагери байнулмилалӣ

Аксари ширкатдорони лагери омӯзишӣ қарор доранд, якҷо масъалаи таъғири иқлим ва роҳҳои имконпазири пешгирии онро баррасӣ кунанд. Айгуш Адикбой, намояндаи Русия, гуфт, таъғири иқлим, сӯхторҳои беохири ҷангалҳо, бозии нофаҳмои ҳаво, гармшавӣ ва ё сардии аз ҳад зиёд ҷомеъаи русияро нигарон кардааст:

«Ман фикр мекунам аз ҳама масъалаи ҷиддӣ ин тағйири иқлим аст. Ба ин масъала на танҳо бояд ҳукумат ва созмонҳои зистмуҳитӣ, балки шаҳрвандон низ бояд бетаваҷҷӯҳ набошанд. Ҷавонони имрӯз хеле фаъоланд ва фикр мекунам агар ҳоло мо ба ин масъалаҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кунем, оянда вазъ беҳтар хоҳад шуд. Ба вижа вақте ҷавонони давлатҳои муштаракулманофеъ дар ҳалли ин масъалаҳо муттаҳид мешаванд, ҳатман натиҷаи хуберо метавон ба даст овард».


Қарор аст лагери байналмилалии омӯзишии экологии ҷавонон то 26 сентябр идома кунад. Масъулин мегӯянд, дар фарҷоми чорабинӣ иштирокдорон муроҷиатнома ба ҳукуматҳои кишварҳо ва нақшаи кории худро дар самти ҳимояи табиат ва баланд бардоштани маърифати зистмуҳитии ҷавонон пешниҳод хоҳанд кард. Дар баробари ин ширкатдорон мегӯянд, кӯшиш мекунанд дар оянда ҳамкориашонро таввасути сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ва сомонаҳои алоҳидаи интернетии созмонҳои ширкатдор, тақвият бахшанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG