Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ким Чен Ир вориси худро интихоб мекунад


Ким Чен Ир 16 сол боз раҳбари Кореяи Шимолист

Ким Чен Ир 16 сол боз раҳбари Кореяи Шимолист

Эҳтимол дорад, ки ҳафтаи оянда ному насаби сарвари ояндаи Кореяи шимолӣ ошкор шавад. Ба навиштаи хабаргузориҳои ин кишвар, конфронси Ҳизби ҳокими коргарӣ рӯзи 28 сентябр дар Пхенян “ба хотири интихоби мақомоти олии ҳизб даъват шудааст”.

Ҳадс зада мешавад, ки дар ин нишаст сарвари феълии кишвар Ким Чен Ир ба сару садоҳо дар бораи вориси ояндаи худ нуқта мегузорад.

Хабаргузориҳо Ким Чен Ун, писари сеюми сарвари Кореяи шимолиро вориси мақоми олии кишвар мехонанд. Айдан Фостер-Картер, коршиноси масоили Корея дар Донишгоҳи Лидзи Англия, мегӯяд, ки конфаронси қарибулвуқӯъ фавқулодда муҳим хоҳад буд - ин гуна нишаст бори аввал дар 30 соли ахир баргузор мешавад ва дар он фақат масъулину фаъолони ҳизб ҳузур хоҳанд дошт.

Зимнан, худи Ким Чен Ир соли 1980 дар ҳамин гуна нишаст вориси мақоми падараш Ким Ир Сен эълон шуда буд ва аммо фақат баъд аз 14 сол, яъне баъд аз даргузашти ӯ, раёсати Кореяи Шимолиро бар дӯш гирифт.

Вориси ношиносу бетаҷриба

Ким Чен Ир замоне мақоми раҳбариро аз падараш Ким Ир Сен ба мерос гирифта буд
Сару садоҳо дар бораи вориси мақоми олии Кореяи шимолӣ баргузида шудани Ким Чен Ун ҳанӯз соли гузашта паҳн шуданд. Як моҳ пеш Ким Чен Ир ҳангоми сафараш ба Пекин Ким Чен Унро ба раҳбарони кишвари ҳамсоя муаррифӣ кард.

Айдан Фостер-Картер мегӯяд, дар бораи вориси мақоми раҳбари Кореяи Шимолӣ иттилоъи зиёде зери даст нест ва аммо, бар пояи хабарҳо, ӯ таҳсилкардаи як донишгоҳи Швейсария аст. Коршинос меафзояд, ки Ким Чен Ун “тақрибан 27-сола аст, бозии баскетболро дӯст медорад, шахси орому хомӯш аст ва, барқасдкор ё якрав мебошад”.

Ба гуфтаи ӯ, “эҳтимолан он нукта боиси нигаронии ҷомеъаи ҷаҳонист, ки шояд падараш маҳз барои ҳамин ӯро писандидааст”. Аз нигоҳи коршинос, таъини Ким Чен Ун “метавонад дар сиёсати дохилии Кореяи шимолӣ ҳам мушкил эҷод кунад. Суол ин аст, ки раҳбарону генералҳои бонуфузи Кореяи шимолӣ то куҷо омодаанд, ки фардои худро дар ихтиёри чунин як фарди ҷавон ва дорои таҷрибаи андак гузоранд?”

Васфи туро сароем...


Кормандони хадамоти кашфи Кореяи ҷанубӣ мегӯянд, ки Пхенян аллакай маъракаи тарғиботии Ким Чен Унро шурӯъ кардааст ва ба ифтихори ӯ таронаҳо эҷод мешавад. Тибқи хабарҳо, моҳи январ дар зодрӯзи Ким Чен Ун сарбозон ва коргарони Кореяи Шимолӣ савганди садоқат ба ӯро ёд карданд.

Ким Чен Ир, сарварии феълии Кореяи Шимолӣ, ду сол қабл, ба навиштаи хабаргузориҳо, ба сактаи мағзӣ гирифтор шуда буд ва вазъи сиҳаташ рӯз то рӯз бадтар мешавад. Солҳои ахир ӯ барои табобат пайваста ба Чин сафар мекунад.

Ким Чен Ун вориси ягона нест?

Коршиносон нишасти қарибулвуқӯъи фаъолони ҳизби ҳукмронро муҳимтарин рӯйдоди ҳафтаи оянда дар Кореяи Шимолӣ мехонанд. Зимнан, онҳо имкони муддате сарвари кишвар таъин шудани ҳамсари ягона хоҳари раисиҷумҳурро баъйид намедонанд – Ян Сонг Таек моҳи июн дар мақоми муовини раиси Комиссиюни мудофиаи миллӣ, яке аз ниҳодҳои калидии Кореяи шимолӣ, пазируфта шуда буд.

Айдан Фостер-Картер мегӯяд, “метавон ҳадс зад, агар Ким Чен Ир, ки вазъи сиҳаташ бад аст, фардо аз олам даргузарад, Ян Сонг Таек то замони ба ифои вазифа шурӯъ кардани Ким Чен Ун ҷойгузини сарвари кишвар хоҳад буд”.

Мероси сангини падар

Конфаронси ҳизби ҳоким дар ҳоле баргузор мешавад, ки кишвар ба таҷлил аз 65-умин солгарди таъсиси ин ҳизб омодагӣ мегирад. Тантанаҳо ба ин муносибат рӯзи 10 октябр шурӯъ хоҳанд шуд.

Аз сӯи дигар, эълони эҳтимолии вориси курсии сарвари Кореяи Шимолӣ дар вазъи барои кишвар басо сангин сурат хоҳад гирифт. Талошҳо барои аз сар гирифтани музокироти шаш кишвар оид ба барномаи ҳастаии Кореяи шимолӣ мутаваққиф шудаанд.

Кореяҳои шимоливу ҷанубӣ баъд аз иттиҳоми Сеул дар мавриди аз сӯи Кореяи шимолӣ ғарқ карда шудани киштии низомии Кореяи ҷанубӣ ва дар ин ҳодиса ба ҳалокат расидани 46 маллоҳ дар ҳоли ҷанг қарор доранд.

Осиёи Марказӣ аз Кореяи Шимолӣ ибрат мегирад?

Интиқоли қудрат аз падар ба писар дар даҳсолаи ахир фақат дар Озарбойҷон ба вуқӯъ пайваст - Илҳом Алиев ба ҷойи падараш Ҳайдар Алиев раёсати ин ҷумҳурии қафқозиро бар дӯш гирифт.
Ба гуфтаи коршиносон, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев низ мехост писараш Максимро ҷойгузини худ бубинад.

Ҳадс зада мешавад, ки раҳбарони ҳадди аққал се кишвари собиқ шӯравӣ - Қазоқистон, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон талоши ба пайвандони худ интиқол додани зимоми қудратро доранд. Аз ҷумла, ба гуфтаи коршиносон, Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ҳамин хотир писараш Рустамро вориди сиёсат кардааст – Рустами Эмомалӣ айни ҳол узви раёсати Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, вакили маҷлиси шаҳри Душанбе ва муовини раиси Иттифоқи ҷавонони кишвар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG