Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нутқи дарҳаму барҳами Аҳмадинажод дар Созмони Милал


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, дар рӯзи дувуми ҳамоиши ҷаҳонии зидди фақр дар Созмони Миллал як нутқи пур аз ҳарҷу марҷ эрод кард, ки касе ба ғайр аз худаш ва ҳайати ӯ, зоҳиран маънияшро дақиқ нафаҳмидаанд. Аҳмадинажод дар нимаи нутқаш таваққуф кард ва як дақиқа аз тарҷумаи нутқаш шикоят намуд. Вай сипас ба суханаш идома дод, аммо тарҷумонҳои Созмони Милал мегӯянд, онҳо "матни тарҷумаро хонда ва шарҳҳои Аҳмадинажодро дунбол накардаанд. Бино бар матни тарҷумашуда Аҳмадинажод ба ислоҳоти ончӣ даъват кард, ки вай "низоми ғайридемократӣ ва ноодилонаи ҷаҳон" номид. Ними толори маҷлис ҳангоми суханронии ӯ холӣ буд.
XS
SM
MD
LG