Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқи парвандаи пулшӯӣ дар Бонки Ватикон


Муфаттишон дар Рум дар чаҳорчӯби таҳқиқми як қазияи пулшӯӣ фаъолияти ду мақоми Бонки Ватиконро баррасӣ мекунанд. Ватикон дар як изҳороти расмӣ мегӯяд, аз шубҳаи ҷиноят дар мавриди раиси бонк Этторе Готтӣ Тедесчӣ дар хиҷолат ва ҳайрат мондааст. Бонки Ватикон, ки расман Институти Амалкардҳои мазҳабӣ номида мешавад, суратҳисобҳои Калисои руму католикро идора мекунад. Моҷарои охирини пулӣ дар Бонки Ватикон дар соли 1982, замоне сар зада буд, ки раиси шӯрои он, исқуфи аъзам, Пол Марчинкас, ба даст доштан дар фурӯпошии сеюниммиллиарддолларии бонки Аброзиано, ки он вақт бузургтарин бонки хусусӣ ба шумор мерафт, айбдор шуд.
XS
SM
MD
LG