Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Молдова дар ростои интихоботи зудраси порлумонӣ


Додгоҳи қонуни асосии Молдова аз иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар хост, порлумонро пароканда ва интихоботи нави порлумонӣ эълон кунад. Додгоҳ мегӯяд, раҳбари ғарбгаро ва ҳамзамон сарвари эътилофи чаҳор ҳизб барои ҳамоиш бо Аврупо, Михай Ғимпу бояд бо як қарори вижа порлумонро мунҳал ва рӯзи интихоботро эълон кунад. Ин тасмим дар ҳоле гирифта мешавад, ки порлумон дар муддати зиёда аз як сол натавонист, президенти нави кишварро интихоб кунад ва назархоҳии умумии 5-уми сентябр барои тағйири қонуни асосӣ ба иллати иштироки маҳдуди раъйдиҳандагон шикаст хӯрд.
XS
SM
MD
LG