Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон хабари нашрияҳои Русияро рад кард


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабари расонаҳои ахбори оми Русияро дар бораи ҳамлаи сартарошидаҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон рад кард. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорат гуфтааст, дар натиҷаи таҳқиқ рӯшан шудааст, ки дар ин моҷаро шаҳрвандони Озарбойҷон даст доранд, ки ба аҳолии маҳаллӣ ҳамла кардаанд. Расонаҳои ҳамагонии Русия рӯзи 19-уми сентябр хабар доданд, ки бар асари ҳамла нажодпарастон ба муҳоҷирони тоҷик дар шаҳраки Домодедово 5 нафар шадидан захмӣ шудаанд. Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба маҳалли воқеа рафтаанд ва рӯшан кардаанд, ки задухӯрд дар байни озарбойҷониҳо ва русҳо ба вуқӯъ пайвастааст. Барои расонаҳои ахбори оми Русия одат шудааст, ки дар моҷароҳои марбут ба муҳоҷирон дар навбати аввал аз тоҷикон ном баранд.
XS
SM
MD
LG