Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони ноҳияи Рашт мегӯянд, мақомот ба онҳо дастур дордаанд, ки аз соати ҳашти шаб то соати шаши субҳ дар ҷодаҳо гаштугузор накунанд. Гуфта мешавад, ин иқдом ба манзури таъмини амнияти сокинон сурат гирифтааст. ҲНИТ зимни баёнияе авзоро ҳассос ва тақдирсоз унвон карда ва аз пайравони худ хостори ҳушмандӣ шудааст.

Бино ба гузориши хабарнигори Озодӣ дар Рашт, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва нишасту масҷидҳо ба мардум аз ин иқдом огоҳ сохта мешаванд.

Аммо дар ҳеҷ яке аз ниҳодҳои қудтарии Тоҷикистон хабари ҷорӣ шудани вазъи фавқулода ва қайди шабгардиро тайид накарданд. Тибқи қонугузории Тоҷикистон эълони вазъи изтирорӣ ва ҷорӣ кардани қайди шабгардӣ салоҳияти истисноии раиси ҷумҳур ва порлумон аст.

Зоҳиран нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ дар ҷараёни анҷоми амалиёт алайҳи гурӯҳи ҳамлавар ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ дар Камароб ва ҷустуҷӯи зиндониёни фирорӣ дар гаштугузори мардум навъе маҳдудият ҷорӣ кардаанд.

Изҳороти ҲНИТ дар бораи ҳодисаи Камароб

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо нашри баёнияе амали ҳамла ба корвони нерӯҳои вазорати дифоъро, ки бар асари он 25 нафар аз сарбозон кушта шуданд, маҳкум кардааст.

Аммо ҲНИТ дар ин баёния гуфтааст, ки танҳо маҳкум намудан кофӣ нест ва бояд даст ба кори бештаре шуд: "Маҳкум намудани кушторҳо ва таркишҳо, баёни таъзияву ҳамдардӣ кофӣ нест, балки, қадамҳои мушаххас ва муассирро барои таҳкими пояҳои сулҳу вахдати миллӣ ва давлатдорӣ бояд гузошт. Пеш аз ҳама, фарҳанги гуфтугӯ ва муколамаро ба ҷомеъа бояд баргардонд, то тамоми масоил ва мушкилот дар гуфтугуйи ошкор ва созандаи ҳама шаҳрвандон ва нерўҳо анҷом шавад. Ҳаргоҳ ки муколама аз байн рафт, ҷойи онро хушунат мегирад ва ҳарҷо ки ҳамдигарфаҳмӣ ноком шуд, ҷойи онро таҳдиду тарсонидан ишғол мекунад".

ҲНИТ аз мардуми кишвар хостааст, ки хотири ҳимояи сулҳ ва суботи кишвар даст ба дасти ҳам бидиҳанд ва аз ҳар гуна иқдоме, ки боиси хушунат шавад, бипарҳезанд.

ҲНИТ ҳамчунин гуфтааст, "Набояд арзишҳо ва шиорҳои динӣ ба дасти як тоифаи хурди тундрав бияфтад ва онхо динро намояндагӣ кунанд. Вакти он расидааст, ки мо сабру тахаммулпазирии бештареро касб намоем ва дар баробари мушкилиҳо ва иғвоҳои эҳтимолии оянда устуворӣ нишон бидиҳем".

ҲНИТ аз мақомот низ хостааст, ки "дар муносибат ва гуфтори худ бо мардум аз зиёдарави ва тундгуйӣ худдори намоянд ва ноогохона эътикоду арзишхои мардумро таҳкир ва зери суол қарор надиҳанд".

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG