Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Каримов дар СММ зидди нерӯгоҳҳо сухан кард


Раисиҷумҳури Ӯзбакистон, Ислом Каримов, аз минбари Маҷмаи умумии Созмони Милал бунёди нерӯгоҳҳои барқи обиро дар рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ барои ояндаи Баҳри Арал номид. Вай аз нерӯгоҳи муайяне ном набурд, аммо аз Созмони Милал даъват кард, ба иҷро нашудани чунин тарҳҳо мадад кунад. Президент Каримов инчунин ба таҳқиқи байнулмилалии хушунатҳои моҳи июн дар Қирғизистон даъват карда, онҳоро кори дасти "тарафи савум" номид ва хостори муҷозоти тарроҳону иҷрокунандагони "нақшаи ба ҷанг кашидани Ӯзбакистон" шуд. Вай ҳамчунин гуфт, низоъ дар Афғонистон ҳалли низомӣ надорад ва бояд бо роҳи осоишта бартараф шавад.
XS
SM
MD
LG