Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Сомалӣ зери фишор ба истеъфо рафт


Сарвазири Сомалӣ имрӯз дар авҷи муборизаҳои қудрат бо президенти ин кишвар аз мақоми худ истеъфо дод. Сарвазир Умар Абдурашид Алӣ Шармарке тайи моҳҳои охир зери фишори раисиҷумҳур Шайх Шариф Аҳмад қарор дошт ва аз ӯ тақозо мешуд, ба истеъфо равад. Ҳукумати Сомалӣ бо вуҷуди пуштибонии Созмони Милал дар муқобили ҷунбиши исломии Ал-Шабоб, ки бо Ал-Қоида пайванд дорад, заъф нишон додааст ва бахши умдаи пойтахти кишвар Могадишу ва ҳамчунин манотиқи ҷанубию марказии Сомалӣ таҳти назорати исломгароён аст. Кишвар дар ду даҳаи ахир ҳукумати тавоноеро ба вуҷуд наовардааст.
XS
SM
MD
LG