Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дӯстонаи футболбозони тоҷику қирғиз


Дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Қирғизистон бозии дӯстона анҷом хоҳанд дод. Федеросиюнҳои футболи ҳарду кишвар дар бораи баргузор шудани ин бозӣ дар Қирғизистон ба тавофуқ расиданд.

Ба иттилои Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон, бозии ба нақша гирифта моҳи октябр дар шаҳри Бишкек доир хоҳад шуд.

Вале ба гуфтаи ӯ рӯзи баргузории бозӣ ҳанӯз муайян нашудааст: «Ҳоло мо бо ҳамкасбони қирғизи худ дар ин самт кор мебарем ва бар асоси тавофуқ баргузории бозии дастаҳои мунтахаби миллии Қирғизистону Тоҷикистон дар давраи аз 10-ум то 20-уми октябри соли равон доир хоҳад шуд. Дар бораи рӯзи баргузории бозии дӯстона баъдтар хабар хоҳем дод».

Бояд тазаккур дод, ки бозии қарибулвуқӯъ дидори нӯҳуми мунтахабҳои ҳарду кишвар пас аз ба даст овардани Истиқлолият ба шумор меравад.

Аввалин бор ин дастаҳо 8-уми июни соли 1993 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон рӯбарӯ шудаанд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Голи дастаи Тоҷикистонро Тоҳир Мӯъминов дар дақиқаи 85-ум ба самар расонд.

Дар бозии дуввум - 15-уми апрели соли 1994 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар пойтахти Узбакистон – шаҳри Тошканд футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Голи ягонаро Константин Ерофеев зад.

Бозии севуми ин дастаҳо баъди панҷ сол баргузор шуд. 25 марти соли 1999 футболбозони тоҷик дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар бозии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2000 бо ҳисоби 3:2 (Тоҳир Мӯъминов – 2 гол, Ораз Назаров) ғалаба карданд.

Бозии чаҳоруми ҳарду даста 18 –уми феврали соли 2004 дар шаҳри Бишкек дар доираи сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-20006 барпо гардид. Бозӣ бо ғалабаи меҳмонон бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Ду голи дастаи Тоҷикистнро Пирмурод Бурҳонов ба самар расонд. Бо ҳамин ҳисоб футболбозни тоҷик дар бозии ҷавобӣ 13-уми октябр дар Душанбе ғолиб омаданд. Голҳоро Юсуф Рабиев ва Мансур Ҳакимов заданд.

Ду бозии минбаъдаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон дар доираи мусобиқоти Ҷоми даъвати Осиё-2006 дар Бангладеш сурат гирифт. 6-уми апрел дар сабқати гурӯҳӣ қирғизҳо бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд, вале 13-уми апрел ду голи Юсуф Рабиев ба футболбозони тоҷик имкон дод, ки ба финали ин мусобиқот роҳ ёбанд.

Охирин бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон 24-уми ноябри соли 2006 дар Бозиҳои осиёӣ дар Қатар доир шуда, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфта буд. Ду голи Тоҷикистнро Бахтиёр Ҳасанов задааст.

Ҳамин тариқ, аз 8 бозӣ 5-тоаш бо пирӯзии футболбозони тоҷик анҷом ёфтааст ва танҳо дар як дидор қирғизҳо ғалаба кардаанд. Ду бозӣ мусовӣ шудааст. Таносуби тӯбҳо 13-5 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG