Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 000 шикоят аз хилофкориҳо дар интихоботи Афғонистон


Кумиссюни шикоятҳои интихоботии Афғонистон, ниҳоди марбут ба Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар пайванд ба тақаллубу хилофкориҳо дар ҷараёни раъйдиҳии рӯзи шанбе наздик ба 3 000 шикояти расмӣ гирифтааст. Аҳмадзиё Рафъат, яке аз панҷ узви ин кумиссюн гуфт, шаҳрвандон боз ду рӯзи дигар фурсат доранд, шикоятҳои худро ба кумиссюн пешниҳод кунанд. Шикоятҳо дар ҳоле мерасанд, ки мақомоти хориҷӣ ва худи кишвар интихоботро як муваффақият дар шароити ҳамлаҳои толибҳо унвон карданд. Аммо фиристодаи Созмони Милал дар Афғонистон, Стефан де Мистура гуфт, комёбӣ номидани интихоботи порлумонии рӯзи шанбеи Афғонистон бановақт аст.
XS
SM
MD
LG