Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии М.Аҳмадов аз эҳтимоли густариши ташаннуҷ


Сардори пешини Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар ноҳияи Рашт ва аз фармондеҳони собиқи мухолифон, Мирзохӯҷа Аҳмадов аз эҳтимоли густариши ташаннуҷ дар шарқи кишвар изҳори нигаронӣ кард. Вай, аз ҷумла кофтукови манзили кормандони собиқи ин раёсат ва талоши бархе аз намояндагони ниҳодҳои амниятии кишварро ба фишор ба муҷоҳидони пешин мояи нигаронӣ номид. Вай гуфт: «Бачаҳое, ки дар гузашта ҳамроҳи мо буданду ҳоло ҳаёти мулкӣ доштанд, нерӯҳои ҳукуматӣ ба кофтукоби манзили онҳо шурӯъ кардаанд. Худи ин бачаҳо дар сари замини картошка будаанд, вале вақте ба онҳо дар ин бора хабар мерасад, гурехтаанд, то ба дасти нерӯҳои ҳукуматӣ наафтанд. Афсӯс, ки кор ранги дигар гирифта истодааст ва аз дасти нерӯҳои ҳукуматӣ...» Аҳмадов афзуд, ин кофтуковҳо дар ҳоле ҷараён мегирад, ки афроди дар гузашта марбути ӯ ҳеҷ нияти мудохила дар умури ҳукумат дар минтақа надоштанд.
XS
SM
MD
LG