Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 9 сарбози НАТО дар суқути чархбол дар Афғонистон


Нӯҳ сарбози НАТО дар суқути як чархбол дар ҷануби Афғонистон ба ҳалокат расидаанд. Як сарбози дигари НАТО ва як шаҳрванди Амрико дар ин садама захмӣ гаштаанд. сухангӯи Толибон Юсуф Аҳмадӣ иддао дорад, ки ин чархбол аз тарафи ошӯбгарон ҳадаф қарор ёфта, сарнагун шудааст. Вай мегӯяд, дар ин ҳамла зиёда аз 10 сарбози хориҷӣ ба ҳалокат расидаанд. Аммо нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон таҳти сарварии НАТО мегӯянд, сонеҳа мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи он аз ҳамлаи нерӯҳои душман ба чархбол гузориш нашудааст.
XS
SM
MD
LG