Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси Рашт Ҳ. Давлатовро аз дахлнопазирӣ маҳрум кард


Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт имрӯз дар як ҷаласаи изтрории худ ваклоати узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳусниддин Давлатовро лағв намуд. Ин тасмим дар ҳоле гирифта мешавад, ки Давлатов ҳанӯз 10-уми сентябр дар маҳаллаи "Зарафшон"-и шаҳри Душанбе боздошт шуда буд. Вай бародари фармондеҳ Аловуддин Давлатов аст, ки ҳоло бо гурӯҳе аз пайравонаш ба нерӯҳои ҳукумат дар Рашт муқовимат мекунад. Вазорати дифоъи Тоҷикистон ӯро масъули ҳамла ба нерӯҳои ҳукуматӣ медонад, ки бар асари он 25 сарбозу афсар кушта ва 8 тани дигар захмӣ шудаанд. Қаблан ҲНИТ аз мақомоти амниятии Тоҷикистон шарҳи боздошти узви ин ҳизб Ҳусниддин Давлатовро талаб мекарданд ва гуфта мешуд, вакили маҷлиси ноҳия дар ҳоле боздошт шудааст, ки аз дахлнопазирии вакилӣ бархӯрдор буд. Шаби гузашта вай аз тариқи телевизиони Тоҷикистон ба даст доштани худ ва бародараш дар рӯйдодҳои Камароб иқрор кард.
XS
SM
MD
LG