Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон барномаи мубориза бо фақрро "муваффақ" номид


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, аз минбари Созмони Милали Муттаҳид гуфт, кишвараш дар татбиқи барномаи мубориза бо фақр то соли 2009 ба коҳиши бенавоӣ аз 72 дарсад то 46 дарсад муваффақ шудааст. Вай афзуд, ин шохиси муҳими иҷтимоӣ то соли 2012 бо 41,4 дарсад поин оварда хоҳад шуд. Президент Раҳмон гуфт, ҳоло қариб ними буҷаи давлатии кишвараш ба бахши иҷтимоӣ харҷ мешавад, аммо бӯҳрони иқтисодӣ, офатҳои табиӣ ва монеаҳои сунъӣ дар гузаргоҳҳои байнулмилалии нақлиётӣ имкониятҳои давлатро барои коҳиши фақр маҳдуд мекунанд. Дар робита ба амнияти энержии Тоҷикистон, раисиҷумҳур Раҳмон таваҷҷӯҳи ширкаткунандагони Маҷмаи умумии Созмони Милалро ба зарурати истифода аз имкониятҳои азими гидроэнергетикии Тоҷикистон ҷалб карда, гуфт, кишвараш дар ҳоли бунёди як силсила нерӯгоҳҳои хурд, миёна ва бузурги барқи обист, ки барои ҳамаи минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти обёрӣ хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG