Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни ҳамла дар Камароб ба 25 нафар расид


Ду низомии дигари ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ҳамла ба корвони мошинҳои Вазорати дифоъ дар Камароб захмӣ шуда буданд, шаби гузашта дар бемористони ҳарбии шаҳри Душанбе даргузаштанд. Ба ин тартиб шумораи умумии кушташудагони ин ҳамла ба 25 нафар расид. Ҳашт тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористонанд. Вазорати дифои Тоҷикистон ба хонаводаи қурбониён таслият баён карда, хабарҳоеро рад намуд, ки бино бар онҳо гӯё дар ҳамлаи Камароб зиёда аз 40 нафар кушта ва 25 тани дигар бенишон шудаанд. Ин ниҳоди қудратии Тоҷикистон масъулияти ҳамла аз камингоҳ ба нерӯҳои ҳукуматиро бар дӯши Аловуддин Давлатов ва Абдулло Раҳимов, фармондеҳони иттиҳоди пешини мухолифони тоҷик гузошт.
XS
SM
MD
LG