Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар бозии даври 24-уми сабқати Лигаи олии Тоҷикистон бар тими мизбон – «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 3-0 пирӯз шуд, дар ҷадвали мусобиқот ба ҷои аввал баромад.

Ин бозӣ 20-уми сентябр дар варзишгоҳи «Спартак»-и Душанбе баргузор шуд. Ҳарсе голро меҳмонон дар нимаи дуввуми дидор ба самар расонданд. Нӯъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 59-ум ҳисобро боз кард. Баъди 18 дақиқа капитани дастаи «Регар-ТадАЗ» Хуршед Маҳмудов ҳисобро афзун намуд. Голи севумро Жаилтон Оливейра дар дақиқаи 82-юм зад.

Бояд гуфт, ки дар нимаи аввали ин бозӣ сардовар Рустам Холов бозигари мизбонон Шуҷоат Неъматовро барои бозии дағалонааш аз майдон ронд.
Бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон ба иллати ширкати дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар даври ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё дар Мянмар бозии дигари даври 24-ум миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, инчунин, «Вахш» – «Энергетик» (бозии даври 25-ум) ба мӯҳлати дертар мононда шуд.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот «Регар-ТадАЗ» бо 52 имтиёз дар ҷои аввал ва «Истиқлол» бо 49 имтиёз дар ҷои дуввум қарор доранд. Вале «Истиқлол» ду бозӣ камтар анҷом додааст. «Хайр» бо 37 имтиёз ҷои севумро касб кардааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)


22

16

4

2

62-13

52

2.

«Истиқлол» (Душанбе)

20

15

5

0

43-10

50

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

21

11

4

6

39-25

37

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

20

9

6

5

24-19

33

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

22

7

8

7

23-31

29

6.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

22

7

5

10

31-39

26

7.

«Энергетик» (Душанбе)

21

5

3

13

24-38

18

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

21

4

3

14

22-43

15

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

21

1

2

18

15-65

5


Нишонзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 18 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 13, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 11, Нӯъмонҷон Ҳакимов «Регар-ТадАЗ/»Вахш») – 10, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 9, Низом Раҳимов («Хайр») – 8 гол.

Даври 25-ум
25 сентябр (шанбе)
«Регар-ТадАЗ» - «Парвоз»
26 сентябр (якшанбе)
«Хайр» - «Истиқлол»
«Равшан» - ССКА «Помир»

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG