Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Обама аз камбуди амали Чин


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, Чин дар амри боло бурдани қурби пули миллиаш – юан ба қадри кофӣ амал намекунад. Обама бо даъват ба тиҷорати одилонатар бо Пекин гуфт, Вошингтон дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат алайҳи Чин иқдоми бештар мекунад. Як бахши аъзами баҳс дар дидори вузарои хориҷаи Амрикову Чин Ҳилларӣ Клинтон ва Янг Ҷичӣ дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк низ ба мавзӯъи қурби асъор бахшида шуд.
XS
SM
MD
LG