Пайвандҳои дастрасӣ

Иҷрои ҳукми эъдоми 2 мард дар зиндони Аҳвоз


Хабаргузории “Форс” мегӯяд, ду мард, ки яке дар куштор ва дуввумӣ ба қочоқи маводи мухаддир муҷрим шинохта шудаанд, дар ҷанубуғарби Эрон ба дор кашида шуданд. Ҳукми қатли ин ду нафар дар пайи таъйиди Додгоҳи олӣ дар зиндони Аҳвоз иҷро шудааст. Куштор, таҷовуз, ғоратгарӣ бо истифода аз силоҳ ва қочоқи беш аз 5 кило маводи мухаддир аз ҷумлаи ҷиноётеянд, ки ҳукмаш дар Эрон эъдом аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG