Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду китоби маъруфи журналистика муаррифӣ мешаванд


Имрӯз бо ибтикори Сандуқи мушорикати Институти Ҷомиаи боз дар Душанбе расми муаррифии ду китоби маъруфи дарси журналистика баргузор хоҳад шуд. Рӯзноманигори маъруфи швед Эрик Фихтелиус дар китоби “10 қонуни журналистика” таҷрубаи фаровони кори худ дар расонаҳои Шветсия ба риштаи тасвир ва таҳлил кашидааст. “Ташкили кори шӯъбаи ахбор” матни давраи омӯзишиест, ки хабарнигори маъруфи телевизионии Амрико Роберт Кембелл барпо карда буд. Ин ду китоб, ки алифбои хабарнигори навпо арзёбӣ мешаванд, бо теъдоди умумии 4 000 нусха ба нашр расидаанд.
XS
SM
MD
LG