Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти низомии Русияву Қирғизистон дар Бишкек


Як ҳайъати низомии Русия ба раҳбарии муовини фармондеҳи ситоди кулли артишаш генерал Валерий Герасимов ба хотири баҳси сарнавишти пойгоҳи низомии Кант ба Қирғизистон омад. Бишкек ахиран гуфт, барои иҷораи ин пойгоҳ аз Маскав пули бамаротиб бештар талаб кардааст. Русия феълан дар сол барои пойгоҳи Кант 4,5 миллион доллар пардохт мекунад. Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон аз Амрико барои истифодаи пойгоҳи ҳавоии Манас солона 160 миллион доллар мегирад. Қирғизистон танҳо кишваре дар дунёст, ки дар он ҳам Русия ва ҳам Амрико пойгоҳи низомӣ доранд.
XS
SM
MD
LG