Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: Ҳамла беҳтарин роҳи ҳалли бӯҳрони Эрон нест


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, Эрони соҳиби силоҳи ҳастаӣ ба мушкили воқеъӣ табдил хоҳад ёфт, вале фикр намекунад, ки иқдоми низомии Исроил ё Амрико беҳтарин роҳи ҳалли ин бӯҳрон бошад. Обама гуфт, ки Амрико дарҳояшро ба рӯи роҳҳои дипломатии ҳалли ин қазия ҳамчунон боз нигоҳ медорад. Фармондеҳони низомии Амрико низ ҳушдор додаанд, ки ҳамлаи низомии Амрико ё Исроил алайҳи Эрон иқдомоти ҷавобии Теҳрон ва гурӯҳҳое, чун Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ҳамос дар навори Ғазаро дар пай хоҳад дошт, ки метавонад вазъи минтақаро тахриб кунад. СММ ахиран ба маҳзи саркашии Эрон аз қатъи ғанисозии ураниум алайҳи ин кишвар таҳримоти сангинтар ҷорӣ кард. Аммо Эрон дар пайи сохтани силоҳҳои ҳастаӣ будани худро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG